
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.
Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандони кишварро бахшида ба иди касбиашон – Рўзи илми тоҷик ва 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳои мамлакат устод Садриддин Айнӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки «хидматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ў ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омўзиши ҳарчи бештари осори ў минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад» |
Муфассал...
|
Санаи 13 апрели соли 2018 дар Хададоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2018 баргузор гардид. |
Муфассал...
|

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ!
Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям.
Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. |
Муфассал...
|
Баргузории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаро шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ номида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва бо итминон иброз дошт, ки ҷониби Қазоқистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд. |
Муфассал...
|
|
|
|
<< Начало < Предыдущий 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Далее > Конец >>
|