Санаи 10 декабри соли 2023 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умут Аҷар ва сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид баргузор гардид. Дар доираи вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи Ҷумҳурии Туркияро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо аз ҳамкории мақомотҳои зиддиинҳисории ду кишвар гуфтугӯ анҷом дода, барои дар оянда мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонидани Ёдошти тафоҳумро байни мақомотҳои зиддиинҳисории ду кишвар мувофиқи мақсад шумориданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо барои ҳамкории минбаъда табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти мақомотҳои зиддиинҳисории ҳарду ҷониб мувофиқи мақсад шумориданд.

By ams.tj

Leave a Reply