Ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

ҲИФЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Мувофиқи муқаррароти моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад.

Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд – мақоми зиддиинҳисорӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҷиҳати хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба нафурўхтани моли мўҳлати коршоямиаш гузашта, инчунин оид ба нафурўхтани моле (иҷрои коре), ки бояд мўҳлати коршоямиаш муқаррар карда мешуд, вале он муқаррар нашудааст ва оид ба боздоштани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ), амрномаҳоро ирсол менамояд;

– ба мақомоти дахлдор оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои пеш аз муҳлат бекор кардан ва ё боздоштани амали иҷозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд;

– маводро ба мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи тобеият барои ҳалли масъалаҳои оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ аз рўи аломатҳои ҷиноят, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон алоқаманданд, пешниҳод мекунад.

Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои ошкор гардидани вайронкуниҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба суд муроҷиат намояд, ба манфиати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба қатъи фаъолияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ё фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайронкунии бисёркарата ва дағалонаи ҳуқуқҳои                      бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷарима барои саркашӣ аз иҷрои амрияҳо ё барои сари вақт иҷро накардани онҳо ба суд даъво пешниҳод кунад.

Мақоми зиддиинҳисорӣ метавонад аз ҷониби суд барои иштирок дар мурофиаи судӣ ҷалб карда шавад ё бо ташаббуси худ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои додани хулосаҳо аз рўи парванда дар мурофиаи судӣ иштирок намояд.

Дар баробари ин, тибқи муқаррароти моддаҳои 39 ва 391 назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби дигар мақомоти давлатии ваколатдор амалӣ карда мешавад.

Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) –ро анҷом медиҳанд

Бо мақсади таъмини бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, мақомоти экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро анҷом медиҳанд:

– назорати риояи талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро анҷом медиҳанд;

– барои бартараф намудани риоя накардани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), талаботи аз истеҳсолот гирифтани чунин мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан ва нафурўхтани чунин мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), нафурўхтани моли мўҳлати коршоямиаш гузашта ва моле (коре), ки бояд ба он мўҳлати коршоямӣ муқаррар мешуду вале муқаррар карда нашудааст, инчунин талаботи боздоштани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), оид ба гирифтани онҳо аз истеъмолкунандагон ва дар ин хусус хабардор намудани истеъмолкунандагон амрия ирсол мекунанд; 

– ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) риоя нагардидани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) нисбати онҳо ба суд даъво пешниҳод мекунад.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро анҷом медиҳанд, инчунин ташкил ва иҷрои корҳои тасдиқи ҳатмии мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) ба талаботи муқарраршуда ба зиммаи мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

– тартиби сертификатсия кардани мол (кор, хизматрасонӣ) – ро муайян менамояд;

– мақомоти сертификатсияи намудҳои мушаххаси мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо барои санҷишҳои дахлдор ваколатдор месозад;

– ба дуруст сертификатсия шудани мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунад;

– феҳристонии давлатии моли (кори, хизматрасонии) сертификатсияшуда, мақомоти ваколатдорро доир ба сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо ба роҳ мемонад;

– дар бораи эътирофи сертификатсияҳое, ки ба мақомоти хориҷӣ ва байналмилалӣ додааст, қарор қабул менамояд, дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ аз рўи масъалаҳои сертификатсияи мол (кор, хизматрасонӣ) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад;

– риояи қоидаҳои савдо, хўроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардумро назорат мекунад.

Мақоми ваколатдори давлатие, ки танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳад

Хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат карда мешавад.

Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо)

Шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) муттаҳид шуданро доранд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) дар мавридҳои пешбининамудаи оинномаи иттиҳодияҳои мазкур (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) ҳуқуқ доранд, ки:

– дар таҳияи талабот ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин ба стандартҳое, ки талаботи ҳатмиро дар ин соҳа муқаррар менамоянд, ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда танзим менамоянд, иштирок кунанд;

– экспертизаи мустақилонаи сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро аз рӯи супориш дар ташкилотҳои дахлдор ё дар мавриди доштани лабораторияҳои худӣ гузаронанд, ба шарте, ки мақомоти дахлдор барои салоҳияти техникӣ доштани онҳо иҷозат дода бошанд;

– риоя шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва қоидаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои ба истеъмолкунандагон хизматрасониро тафтиш намоянд, бо супориши истеъмолкунандагон дар гузаронидани экспертиза доир ба риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок кунанд;

– ба мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо доир ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан, аз муомилот гирифтани моле (коре, хизматрасоние), ки барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист хавфу хатар доранд, таклифҳо пешниҳод намоянд;

– ҳамроҳи мақомоти идоракунии давлатӣ дар назорати татбиқи нархҳои идорашаванда ширкат варзад, тарифҳоеро, ки мақомоти давлатӣ барои ба ҷо овардани хизмати аҳолӣ (истеъмолкунандагон) муқаррар менамояд, мустақиман экспертиза кунад;

– ба мақомоти прокуратура ва мақомоти идоракунии давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони барои истеҳсолу фурӯши моли (иҷрои кори, хизматрасонии) ба талаботи муқарраргардида нисбати бехатарӣ ва сифати мол (кор, хизматрасонӣ) номувофиқ ва ҳамчунин барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон айбдоранд, мавод пешниҳод намоянд;

– аз мақомоти прокуратура хоҳиш намоянд, ки дар бораи беэътибор донистани санадҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва санадҳои мақомоти худидораи маҳаллӣ, ки хилофи қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонанд, эътироз баён кунанд;

– барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) ба суд муроҷиат намоянд.