Низомнома

Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489, аз 3.11.2018 № 537, аз 31.07.2019 № 389)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 №832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Бисту шаш воҳиди штатии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489, аз 31.07.2019 № 389).
4) Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 3 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 3 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
5) Дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суљд ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби ихтисори 19 воҳидҳои кории Раёсатҳои рушди иқтисод ва фаъолияти зиддиинҳисорӣ мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
6) Маблаљгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Маблаљгузории мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суљд ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблаљҳои буҷети маҳаллӣ анҷом дода шавад.
7) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.
8) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суљд ва шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида сохторҳои худро ҷиҳати иҷрои қарори мазкур мутобиқ намоянд.
9) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида доир ба ворид намудани таљйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи зиддиинҳисорӣ таклиф пешниҳод намояд.

          Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 227
ш. Душанбе

 



Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 227
тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 534, аз 01.08.2012 № 397, аз 13.09.2012 № 489, аз 30.12.2015 № 820, аз 3.11.2018 № 537, аз 31.07.2019 № 389)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Хадамот) мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қать намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
2) Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
3) Хадамот вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо бевосита ва тариқи мақомоти маҳаллии худ амалӣ менамояд.
4) Хадамот фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳотро оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад.

2. Вазифаҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537)
5) Хадамот дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537):
– татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии фаъолияти инҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат, танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини ҳимояи рақобат дар кишвар, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва дигар шароит, ки ба ташаккули рақобати солим дар бозорҳои мол ва рушди он мусоидат менамояд;
– таҳияи пешниҳодот оид ба татбиқи чорабиниҳое, ки ба пешгирии фаъолияти инҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат, танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ нигаронида шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор оид ба гузаронидани чорабиниҳои ба мусоидати ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирии маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона нигаронидашуда, танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ тавсияҳо медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– андешидани чораҳо оид ба љайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
– таъмини иҷрои қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;
– муқаррар намудани мавқеи ҳукумфармоии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муайян ва тасдиқ намудани тартиби пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукумфармо ва инҳисорӣ доранд;
– тибқи қонунгузории ҷорӣ ба мувофиқа расонидани тарифҳои хизматрасонии пулакии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба доираи идоракунии онҳо дохиланд;
– вазъияти иқтисодии бамиёномадаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи тадбирҳои танзими давлатии фаъолияти субъектҳои инҳисороии табиӣ таҳлил ва пешбинӣ намуда, пешниҳодотро оид ба рушду такмили муносибатҳои рақобати солим дар бозори молҳои муайян ва таљйири низоми танзими давлатии субъектҳои инҳисории табииро, ки ба таъмини болоравии самаранокии фаъолияти иқтисодии субъектҳои мазкур ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, омода месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– татбиқи чораҳо оид ба қатъ намудани амалҳои мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қать кардани суистифодаи субъекти хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амалҳое, ки ба таъмин намудани ҳимояи рақобат ва пешгирии рақобати бевиҷдонона нигаронида шудааст;
– мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозори дар асоси омилҳои ҳимоя ва рушди рақобат ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ;
– оид ба таљйир додан ва бекор намудани шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат, инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ мухолифат мекунанд, амрномаҳо қабул намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар сурати вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат, инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва фаъолияти рекламавӣ андешидани чораҳои дахлдор нисбати субъектҳои хоҷагидор, роҳбарони онҳо, шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– Феҳристи субъектҳои инҳисороти табииеро, ки нисбати онҳо танзими давлатӣ ва назорат татбиқ мегардад, тартиб медиҳад, пеш мебарад ва барои аз он хориҷ кардан қарор қабул мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– усулҳои танзимро, ки барои субъекти мушаххаси инҳисории табиӣ истифода мегарданд, муайян месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– шартномаҳои намунавиро, ки аз ҷониби субъектҳои инҳисороти табиӣ бо истеъмолкунандагон баста мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– таҷрибаи татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табииро ҷамъбаст карда, хулоса мебарорад ва дар асоси он тавсияҳои методӣ таҳия ва тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– қарорҳои барои субъектҳои инҳисороти табиӣ иҷрояшон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, таљйир додан ё қатъ кардани танзим, доир ба истифодаи усулҳои танзим, аз ҷумла доир ба муқаррар кардани тарифҳо қабул менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар доираи салоҳияти худ нисбат ба қонунвайронкунии мавҷудбудаи соҳаи инҳисороти табиӣ оид ба пешгирии вайронкунӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он қарор қабул менамояд; тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасонии) танзимшавандаи субъектҳои инҳисороти табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот ба сифати онҳо, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар мавриди таљйири хароҷот оид ба таљйир додани тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасонии) субъектҳои инҳисороти табиӣ ташаббус зоҳир менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти нархгузорӣ, тартиб ва шартҳои гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои асосии субъекти инҳисороти табииро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ медиҳад;
– таъмини назорати давлатӣ вобаста ба сармоягузориҳои субъекти монополияи табиӣ дар истеҳсоли (фурўши) молҳое (корҳое, хизматрасоние), ки нисбат ба онҳо мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи монополияи табиӣ танзим сурат намегирад;
– назорати давлатиро барои ҳама гуна аҳдҳое, ки дар натиҷаи он субъекти инҳисории табиӣ ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ, ки барои истеҳсоли (фурўши) молҳои (корҳо, хизматрасонӣ) мутобиқи қонунгузории дар бораи инҳисороти табиӣ танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, соҳиб мегардад, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– назоратро ҳангоми аз ҷониби субъекти хоҷагидор ё субъекти инҳисороти табиӣ фурўхтан, иҷора додан ва ё бастани аҳди дигаре, ки дар натиҷаи он субъектҳои мазкур ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифода ё ҳуқуқи моликиятро ба қисми воситаҳои асосии субъекти инҳисории табиӣ, ки барои истеҳсоли (фурўши) молҳои (корҳо, хизматрасонӣ) мутобиқи қонунгузорӣ танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд пайдо мекунад, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– амалӣ намудани назорати давлатӣ ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои инҳисории табиӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– мувофиқакунонии қоидаҳо, шартномаҳои намунавии хизматрасонии гази табиӣ, барқ ва гармӣ, алоқаи барқӣ, обрасонӣ, канализатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки батанзимдарории ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафҳоро ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон дар бар мегирад;
– назорати фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд оид ба иҷрои шартҳои шартномаҳои басташудаи онҳо бо истеъмолкунандагон дар бораи расонидани кору хизматрасонӣ;
– тасдиқи сметаи тарифии субъектҳои инҳисороти табиӣ ва назорати иҷрои онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– ба мувофиқа расонидани сметаи солонаи хароҷоте, ки ба таъмири ҷорӣ ва асосии субъектҳои инҳисороти табиӣ алоқаманд мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– тасдиқи меъёрҳои талафоти техникии субъектҳои инҳисороти табиӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– ба субъектҳои монополияҳои табиӣ доир ба қатъи вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ, аз ҷумла оид ба бартараф намудани оқибатҳои он, оид ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд ҳатман ба онҳо хизмат расонида шавад (маҳсулот пешниҳод карда шавад), оид ба ворид намудани таљйирот ба шартномаҳо, инчунин барои ба буҷет гузаронидани тамоми маблаљи фоидаи дар натиҷаи амалҳои вайрон кардани қонунгузории инҳисороти табиӣ бадастомада, амрияҳои иҷроишашон ҳатмӣ медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– таҳия ва тасдиқи низомнома оид ба танзими нарх ба маҳсулот ва моли тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор доминантҳо ва инҳисорон;
– назорати хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор, ки метавонанд, боиси ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гарданд ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;
– таъмини назорати давлатӣ аз рўи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– бо мақсади пешгирии маҳдудсозӣ ва бартараф намудани рақобати носолим, иштирок намудан дар савдоҳо ва музоядаҳо ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ;
– ирсол намудани пешниҳодот ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷорӣ ё бекор намудани иҷозатномаҳо, квотаҳо, таљйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди дастгирии давлатӣ;
– тибқи тартиби муқарраргардида додани иҷозати пешакӣ барои фароҳам овардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;
– назорати талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгир намудани фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
– таҳлил намудани ҳолати рақобат дар бозорҳои мол;
– тибқи тартиби муқарраргардида додани хулосаҳо вобаста ба вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, таљйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва ҷорӣ кардани чораҳои љайритарифӣ;
– бо мақсади иҷрои масъалаҳои ба зиммаи ў гузошташуда, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, тартиби танзими муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ё инҳисорӣ доранд;
– пешгирӣ ва қатъ намудани далелҳои рекламаҳои номуносиб, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дода шудаанд;
– қабули шаҳрвандон, пурра ва саривақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, қабули қарор оид ба онҳо ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;
– барномаҳои давлатӣ оид ба рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 820);
– муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 820);
– мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 820);
– махзани маълумот дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавиро ташкил карда, онро идора менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 820);
– ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама амрнома оид ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама, инчунин қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро ирсол карда, назорати иҷрои онро таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 820);
– дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд;
– ташкили омодагии касбии кормандони Хадамот, такмили ихтисос, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомўзии онҳо, инчунин тайёр намудани мутахассисон ва такмилдиҳии касбии онҳо дар масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Хадамот;
– дар асоси тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
– ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Хадамот ворид мешаванд;
– парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии соҳаи қонунгузории зиддиинҳисориро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Хадамот вогузоштааст, иҷро менамояд.
6) Хадамот бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
– аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумотеро, ки барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Хадамот қарордошта заруранд, дархост намуда гирад;
– дар доираи салоҳияти худ ва ваколатҳои додашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад, оид ба масъалаҳои ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳамкориҳои ҳимоя ва рушди рақобат, инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ гуфтушунид доир намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки салоҳияти (функсияи) назоратӣ ва санҷишро дар бозорҳои мол иҷро мекунанд, ҷиҳати мутобиқ гардонидани санадҳои онҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
– ҷиҳати таъмини сиёсати давлатӣ оид ба ташкили чорабиниҳои ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронидашуда ва барҳам додани рақобати бевиҷдонона иштирок намуда, ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро (ассотсиатсия ва иттифоқҳои онҳо) дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таъмин намояд;
– мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба бастани ҷарима нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин нисбати субъектҳои хоҷагидор, ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони онҳо қарор қабул намояд;
– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои такмили қонунгузррии зиддиинҳисорӣ, инҳисороти табиӣ, дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама пешниҳодот манзур намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар доираи салоҳияти худ қарорҳое қабул намояд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор ва дигар ташкилотҳо ҳатмӣ мебошанд, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар доираи ваколатҳои додашуда Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми гуфтушунидҳои мустақим дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ намояндагӣ кунад, шарт ва тартиби бастан ё беқор кардани санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муайян намояд, имзо гузорад, ба қайд гирад ва дар доираи салоҳияти худ риояи шартҳои онҳоро назорат кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– дар таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳимоя ва рушди рақобат, танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ иштирок намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537);
– барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, дигар мавод оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Хадамот ва мақомоти маҳаллии он тибқи тартиби муқарраргардида воситаҳои чопии иттилооти оммавиро таъсис диҳад;
– барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
– дар соҳаи муқарраргардидаи фаьолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шўроҳо, комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ), аз ҷумла мақомоти байниидоравиро таъсис диҳад;
– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, инчунин субъектҳои хоҷагидор, ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони ин субъектҳо амрияҳое ирсол намояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошанд;
– дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар ҳангоми баррасии парвандаҳои вобаста ба татбиқ ва вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи химояи рақобат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" иштирок намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).

3. Ташкили фаъолият

7) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8) Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
9) Сардор дорои муовинон, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
10) Шумораи ниҳоии кормандон ва теъдоди муовинони Сардори Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
11) Воҳидҳои сохтории Хадамот, раёсатҳо ва шўъбаҳои оид ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот мебошад.
12) Сардор:
– дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш қабул намуда, онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида бекор мекунад, таљйир медиҳад ва тамдид менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 397, аз 3.11.2018 № 537)
– манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;
– дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Хадамот ҳатмӣ мебошанд;
– вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
– низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Хадамотро тасдиқ мекунад;
– кормандони Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
– барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохтори маҳаллии худ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ розигии хаттӣ медиҳад(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 397);
– ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;
– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Хадамот ҳал менамояд;
– дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатии Хадамот ва сметаи хароҷотии нигаҳдошти Хадамотро дар доираи давраи дахлдори маблаљгузорӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
– ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблаљгузории Хадамот пешниҳодҳо ирсол менамояд;
– дигар ваколатҳоро барои Хадамот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
13) Маблаљгузории хароҷоти нигоҳдории Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблаљҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
14) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тдҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мўҳрҳои дахлдор, штгампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаљгузорӣ мегардад.

 



Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 227
тасдиқ шудааст

 

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489)

Роҳбарият
Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат
Раёсати танзими инҳисороти табиӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537)
Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ
Шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2019 № 389)
Бахши таъминоти ҳуқуқӣ
Бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус
Шўъбаи корҳо
Бахши муҳосибот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489)





Нақшаи идоракунии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 227
тасдиқ шудааст

 

Нақшаи идоракунии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ
Шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 534)
Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суљд
Шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон