ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.
Хусусиятҳои реклама

ХУСУСИЯТҲОИ  РЕКЛАМА

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Мувофиқи моддаҳои 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17 ва 18  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» чунин хусусиятҳои реклама муқаррар қарда шудааст:
1) Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:

– суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;

– барномаҳои динӣ;

– барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;

– барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон;

– барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;

– барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври “сатри муҳаррик”, андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат зиёд набошад.

Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.

Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарўзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Дар барномаҳои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.

Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад.

2) Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ

Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.

Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад.

3. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ

Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф ба чунин асарҳо ҷойгир намудани реклама манъ аст.

Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод шуда метавонад.

Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент пешниҳод карда мешавад.

Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.

Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ, милитсия, сўхторнишонӣ ба мақсади паҳнкунии реклама манъ карда мешавад.

  1. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ

Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.

Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва ғайраҳо) бояд дар болои роҳи автомобилгард ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад.

Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати мақомоти дахлдори  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад:

– аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар хати ҷудокарда ва минтақаи наздироҳии роҳҳои автомобилгард – берун аз ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

– аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар ҳудуди шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот;

– аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан – дар хати ҷудокардаи роҳи оҳан.

Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” муайян карда мешавад.

Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.

Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ                       (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмўаҳои ҳифзшавандаи табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба амвол ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҷуд будани иҷозат қисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад.

  1. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта

Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликӣ доранд, ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, сурат мегирад.

Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд.

Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

  1. Рекламаи дохилӣ

Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст.

  1. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо

Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кўдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдўшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст.

Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.

Рекламаи силоҳи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

  1. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок

Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин коғазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:

– дар реклама нишон додани маълумоти миқдорӣ, ки бевосита ба хизматрасониҳои рекламашаванда ё коғазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;

– кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;

– реклама кардани коғазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;

– пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби коғазҳои қиматнок;

– ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.