Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеъмолкунандагони молҳои субъекти инҳисороти табиӣ

Истеъмолкунандаи молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии хукук дорад:

– молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табииро тибки тартиб ва тарифхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти ваколатдор харидори намояд, насби асбобхои бахисобгирандаро барои хизматрасонии вокеи талаб кунад;

– ба макомоти ваколатдор дар хусуси ворид намудани тагйиру иловахо ба карор, кабули карори нав ё бекор кардани карорхои амалкунанда бо ариза мурочиат намояд;

– нисбат ба амали (беамалии) макомоти ваколатдор, инчунин карори кабулнамудаи он ба суд шикоят кунад;

– ба макомоти ваколатдор ва суд нисбат ба амали (беамалии) субъекти инхисори табии, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон аст, шикоят кунад;

– дар мухокимаи оммавии масъалахои ба фаъолияти субъектхои инхисороти табии алокаманд иштирок кунад;

– аз дигар хукукхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, истифода барад.

Истеъмолкунандаи молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии ухдадор аст:

– саривакт ва дар хачми пурра арзиши молхоро (корхоро, хизматрасонихоро), ки субъектхои инхисори табии фарохам овардаанд, мутобики шартхои шартномаи басташуда пардозад;

– талаботи техникиеро, ки субъекти инхисори табии мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ичро кунад.