ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.
Бозорҳои танзимшаванда

Бозорҳои танзимшаванда

(иқтибос аз қонунгузорӣ)

Бозорҳои танзимшаванда

  1. Бо мақсади ҳимояи рақобат ва пешгирии инҳисоркунонии бозори мол, танзими давлатии бозори мол амалӣ карда мешавад. Ба низом даровардани нархгузорӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ) бо роҳи танзими давлатии зиддиинҳисорӣ сурат мегирад.
  2. Дар сурати афзоиш ва ё болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти муайян дар бозори мол, нисбати онҳо танзими зиддиинҳисорӣ ва назорати давлатӣ татбиқ мегардад.
  3. Назорати давлатӣ оид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба молу маҳсулоти муайян аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
  4. Дар ҳолати болоравии беасоси нархҳо ва камчинии молу маҳсулот, мудохилаи молӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор доранд, бо пешниҳоди мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (моддаи 15 ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» 30 майи соли 2017, № 1417);

 

Дар ин замина ҷиҳати дар амал татбиқ намудани назорат ва танзими  давлатии нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ санадҳои зерин ба тасвиб расидаанд

– қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №257 «Дар бораи Низомнома оид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба мањсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо»;

– қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимои зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд»;

– қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 2019, №350 «Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2018, №287»;

– қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №396 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2018, №287»;

Барои вайрон кардани талаботи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маъмурии зерин пешбинӣ шудааст:

Беасос баланд бардоштани нархҳо

  1. Барои беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи давлатӣ (тарифҳо барои маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ) ва ҳадди баландтарини даромаднокӣ, баланд бардоштани нархҳои фурўши яклухти дар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣзимни пешниҳоди эъломия бақайдгирифташуда, инчунин баланд бардоштан ё паст кардани нархи маҳсулоти интиқолшавандаи корхонаҳо тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ба дигар давлатҳо,

— ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Барои ҳисоб кардани изофа ва иловапулиҳои пешбинишуда ба нархҳо дар сурати мавҷуд будани нархҳои ниҳоии расман муқарраргардида, ба арзиши хизмат ворид намудани арзиши корҳои воқеан иҷронашуда ё корҳои ба таври пурра амалинашуда, ки бо назардошти арзиши ин хизматрасониҳо пешбинӣ шудаанд, инчунин барои истифода бурдани ашёи хоми нисбатан арзон ва дигар тағйироти технологӣ, ки боиси бе ризоияти истеъмолкунандагон (харидорон) арзон шудани маҳсулот ва афзоиши нархи маҳсулоте, ки бинобар норасоиҳои конструктивӣ ва техникии онҳо гардида, хусусиятҳои истеъмолии зимни мувофиқасозии дараҷаи ин хусусиятҳо қабулгардида (дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақомоти стандартизатсия) ба даст наомадааст,

— ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазору панҷсад то се ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад (КҲМҶТ боби 30, моддаи 555).