Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Дастгоҳи марказӣ
- Сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат – 1 ҷой, маоши мансабӣ-3143 сомонӣ.
- Мудири Бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус-1735 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати танзими инҳисороти табии- 1 ҷой, маоши мансабӣ-1577 сомонӣ.
- Сармутахассиси Бахши муҳосибот- 1 ҷой, маоши мансабӣ-1577 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1286 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Шуъбаи корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
- утахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1062 сомонӣ..
Талаботи тахассусӣ
Барои ишѓоли мансаби Сардори Раёсат
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи якум ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлати ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи диплом;
– 2 дона расми 4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақоми андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
– нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
– нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ (СИН);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома (справка – объективка).
Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳути 24, телефонҳо 227-48-27, 223-10-08.
Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад.
Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руи ҷадвали таърифии ягона ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт мегардад.