ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.
Намудҳои реклама

НАМУДҲОИ  РЕКЛАМА

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Тибқи талаботи моддаҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» реклама ба чунин намудҳо ҷудо мешавад:  

1) Рекламаи бевиҷдонона

Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрў менамояд;

– дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои) дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоіизаіо ва тасвиріое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори кории раѕибонро паст мезананд;

– истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ, матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сўиистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.

Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.

2) Рекламаи нодуруст

Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст:

– тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолӣ, шароитҳои истеъмол, мавҷудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионӣ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;

– мавҷудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорӣ намудани он, вақт ва маҳал;

– арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;

– шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;

– ўҳдадориҳои кафолатӣ, мўҳлати хизмат, мўҳлати истифода;

– ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ;

– эътирофи расмӣ, гирифтани медалҳо, ҷоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;

– пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар мол як қисми силсила бошад;

– натиҷаи тадқиқот ва санҷишҳо, истилоҳоти илмӣ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмӣ ва дигар интишорот;

– маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд нишон дода шавад;

– истинод ба ягон тавсияҳо ё эътирофи шахсони возеҳ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кўҳнашуда;

– истифодаи истилоҳот бо дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “беҳамто”, “мутлақо”, “ягона” “рақами 1”, “беҳтарин”, “сифати олӣ” ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат;

– истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҷаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои “нархи пасттарин”, “арзонтарин” ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат;

– муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

– истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;

– ҳаҷми воқеии талабот ба мол;

– маълумот доир ба худи рекламадиҳанда.

Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад.

3) Рекламаи беодобона

Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки:

– дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурўҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;

– объектҳои санъатро, ки дорои арзиши миллӣ ё фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд, беобрў менамояд, рамзҳои давлатӣ, пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад;

– ягон шахси возеӣ ё ҳуқуқ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ў огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрӣ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд.

Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.

4) Рекламаи бардурўғ

Рекламаи бардурўғ чунин рекламае мебошад, ки тавассути                он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.

Ба рекламаи бардурўғ роҳ дода намешавад.

5) Рекламаи пинҳонӣ

Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ (сабти овози дуҷўра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иҷозат дода намешавад.