Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои реклама

 

ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ  РЕКЛАМА

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

 

Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои реклама дар боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» муқаррар карда шудааст.

 Мутобиқи моддаи 221 Қонуни  мазкур рекламадиҳанда,  истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 23 Қонуни болозикр истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи  талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ӯҳдадор аст тасдиқи дурустии маълумоти рекламаро бо ҳуҷҷат пешниҳод намояд.

Уҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама

Истеҳсолкунандаи реклама ӯҳдадор аст сари вақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ӯ ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.

Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тағйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи ҳуҷҷатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама  пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.

Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои дуруст  ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ,  инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд.

Пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома  дар реклама

Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Рекламадиҳанда вазифадор аст мӯҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ  хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад.

Агар рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ӯ мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс ҳуқуқ дорад бо талаби бастани шартнома ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат намояд.