Назорати давлатии инҳисороти табиӣ

Макомоти ваколатдор назорати давлатии субъектњои инҳисороти табииро аз болои амалхои зерин анчом медихад:

– хама гуна ахдхое, ки дар натичаи он субъекти инхисори табии хукуки моликиятро ба воситахои асоси, ки барои истехсоли (фуруши) молхои (корхо, хизматрасонихо) мутобики Конуни мазкур танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, сохиб мешавад;

– сармоягузорихои субъекти инхисори табии дар истехсоли (фуруши) молхое (корхое, хизматрасонихое), ки нисбати онхо мутобики Конуни мазкур танзим сурат намегирад;

– фурухтан, ичора додан ва ё ахди дигаре, ки дар натичаи он субъекти хочаги ё субъекти инхисори табии хукуки ихтиёрдори ва истифода ё хукуки моликиятро ба кисмате аз воситахои асосии субъекти инхисори табии, ки барои истехсоли (фуруши) молхои (корхо, хизматрасонихо) мутобики Конуни мазкур танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, пайдо мекунад;

– азнавташкилдихи ва бархамдихии субъекти инхисори табии.