ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.
Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019 № 350, аз 25.06.2020 № 396)

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳимояи рақобат” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Номгўи мол ва маҳсулоти аз Ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 майи соли 2018 № 287

ш.Душанбе

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “31” майи соли 2018, № 287

 

Номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд

  1. Орд (навъҳои 1 ва 2)
  2. Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида
  3. Маҳсулоти макаронӣ
  4. Гандум
  5. Биринҷ
  6. Картошка
  7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам
  8. Қанди сафед, шакар
  9. Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска
  10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог
  11. Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
  12. Гўшт: гўшти гов, гўшти гусфанд, гўшти мурғ
  13. Тухми мурғ
  14. Намак
  15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ
  16. Ғизои кўдаконa
  17. Маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сўзишвории дизелӣ ва гази моеъ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019 № 350)
  18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2020 № 396)
  19. Нуриҳои минералӣ, органикӣ ва химиявӣ барои соҳаи кишоварзӣ (қарори Ҳукумати ҶТаз 25.06.2020 № 396).