Рақобати бевиҷдонона
(иқтибос аз қонунгузорӣ)
Намудҳои рақобати бевиҷдонона
- Ба рақобати бевиҷдонона инҳо дохил мешаванд:
– паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси расонидани зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;
– ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолӣ, сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:
– муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи субъекти хоҷагидор аз ҷониби худи ӯ бо молҳои субъектҳои дигари хоҷагидор (аз ҷумла дар ҷараёни фаъолияти рекламавӣ);
– гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ, ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда;
– истифодаи худсаронаи тамғаҳои мол, тамғаи хизматрасонӣ, тамғаҳои моли маъруфшуда, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди зоҳирии моли дигар субъекти хоҷагидор, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд ва ё манфиати онҳоро халалдор созанд;
– реклама, фурӯш, мубодила ва дигар намуди гардиши мол бо роҳи истифодаи тамғаҳои мол, тамғаи кор, хизматрасонӣ, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намудҳои моли субъектҳои хоҷагидор амалӣ гарданд;
– дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ ҷалб намудани онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;
– амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд созад.
- Рақобати бевиҷдонона, ки вобаста ба соҳиб шудан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродикунонии шахсони ҳуқуқӣ, инфиродикунонии мол, истифодаи тамғаҳои молии маъруфшуда, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ алоқаманд аст, манъ аст.
- Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ санадҳоро вобаста ба вайрон кардани муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур дар хусуси инфиродикунонии маҳсулот, тамғаи мол, истифодабарии тамғаи моли маъруфшуда, кор ва хизматрасониҳои иҷрошаванда ва пеш аз муҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ, ё оид ба беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол менамояд. (моддаи 16 ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» 30 майи соли 2017, № 1417);
Барои вайрон кардани талаботи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маъмурии зерин пешбинӣ шудааст:
- Барои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (гурўҳи шахсон) амалӣ намудани рақобати бевиҷдонона, ки қонунгузории зиддиинҳисорӣманъ намудааст,
— ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз се ҳазор то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,
— ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шаш ҳазор то ҳашт ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад (КҲМҶТ боби 30, моддаи 545).