Санаи 15 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Солеҳзода Ширин ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки тибқи Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 15- уми март ҳамчун Рӯзи истеъмолкунандагон ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашни ворид гардидааст.

Дар ҳамбастагӣ ба санаи мазкур, 25 ноябри соли 2010 Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ 15- уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи баланд ҷашн гиранд.

Ҳамзамон, тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораирӯзҳои ид” 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян гардида, ҳамасола 15 март ҷашн гирифта мешавад.

Дар чорабинии мазкур инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

By ams.tj

Leave a Reply