Санаи 5 апрели соли 2024 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ва натиҷагирӣ аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ходимони дин баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Қурбонзода Сафаралӣ оғоз намуда, вобаста ба пешгирии хуруфотпарастӣ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар арафаи Иди Саиди Рамазон изҳори назар намуда, кормандонро ба ин иқдом роҳнамоӣ намуданд.

Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин баромад намуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶумҳурииТоҷикистон” -ро шарҳу тавзеҳ дода, иброз намуданд, ки хурофотпарастӣ ва зиёдаравию исрофкори дар таълимоти дини ислом пешбинӣ нашудааст.

Дар баробари ин, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируз Бобоев вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таъкит намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба тартиботи ҷамъиятӣ таъсири мусбӣ мерасонида, ҷомеъаро ба сӯи рушд ва тарақиёт мебарад.

Дар охир роҳбарият таъкит намуданд, ки дар арафаи Иди Саиди Фитр ва дар оянда низ ба хурофоту зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

By ams.tj

Leave a Reply