Санаи 2-3 ноябри соли 2023 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи 55-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мӯҳтарам Муминзод Абдулмаҷид Мубин ва сардорони Раесати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамот намояндагӣ намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корҳои иҷрошуда ва пешравиҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҷаласаи Шӯрои мазкур ҳамасола дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад ва дар ин ҷаласаҳо фаъолияти яксолаи мақомотҳои зиддиинҳисорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Инчунин вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва пешравиҳо аъзои Шӯро фикру андешаҳояшонро баён намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҳамкории оянда пешниҳодҳо манзур менамоянд.

Дар баробари ин, ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо аъзоёни Шӯро аз таҷрибаи мақомотҳояшон ёдовар мешаванд, ки ин бевосита барои дар амал татбиқ намудани таҷрибаи якдигар саҳми бузург мегузорад.

Дар охир қарори Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ бо назардошти пешниҳодҳои аъзои Шӯро қабул гардида, баргузории ҷаласаи ояндаи Шӯро дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.

By ams.tj

Leave a Reply