Имрӯз дар Хадамот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид. Сафаралӣ Қурбонзода – муовини якуми сардори Хадамот аз номи роҳбарияти Хадамот кормандонро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуд.

Баъдан мудири бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус Ибодулло Азимов бо маърузаи мухтасар таҳти унвонӣ «Забони миллат-ҳастии миллат» баромад намуда, аз чумла чунин қайд намуд.

Ҳамкасбони муҳтарам!

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо 5 октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат, бо камоли эҳтирому шодмонӣ якояки Шуморо бо ҷашни муқаддасу фархунда – Рӯзи забони давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди забони давлатӣ оғоз гардида, ҷиҳати нигаҳдорӣ, ҳимоя ва таъмини рушди бомароми забони давлатӣ иқдомҳои шоиста роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 эълон гардидани «Соли  бузургдошти забони тоҷикӣ», соли 2009 дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Барномаҳои рушди забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ аз ҷумлаи онҳост.

  Боиси ифтихори мост, ки пешоҳанги ҳама ташаббусҳои неку наҷиб дар роҳи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ Сарвари давлати мо мебошад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар корҳои давлатдорӣ озодона мавриди истифода қарор дорад ва ин забон имрӯз ба забони сиёсат, маориф, қонунгузорӣ, робитаҳои дипломатӣ ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2021 иброз доштанд, ки « …забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад».

 Дар робита ба ин гуфтаҳои арзишманд таъкид бояд кард, ки яке аз принсипҳои асосии хизмати давлатӣ ин садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон буда, имрӯз хизматчиёни давлатии мо низ дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ бетараф нестанд. Гузашта аз ин,  моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» донистани забони давлатиро ҳамчун яке аз талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ кардааст ва зимни баргузории озмунҳо донистани забони давлатӣ, таърих ва муқаддасоти миллӣ талаб карда мешавад.

Ман имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ин давра дар Агентии хизмати давлатӣ низ барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тадбирҳои мушаххас андешида шуд.

Аз ҷумла, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бо забони давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ таҳия гардида, зимни таҳияи онҳо вобаста ба истифодаи дурусти истилоҳоти соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. 

        Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ, дар мулоқоту машваратҳо дар баробари гиромидошти забони миллӣ ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Яъне дар баробари пайгирӣ аз сиёсати ягона дар бораи забони давлатӣ дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан, забонҳои русию англисӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Сиёсати донистани забонҳо, ки аз ҷониби Пешвои миллат аз тамоми ҷавонон ва кормандони идораи давлатӣ, яъне хизматчиёни давлатӣ тақозо карда мешавад, барои рушди ҳар шахс замина фароҳам меорад ва ҳамзамон барои дастрасии ҳар кадоми мо ба махзанҳои иттилоотии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Воқеан ҳам дар шароити имрӯза маҳз мутахассисони забондону болаёқат, ватандӯсту фидокор метавонанд барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳисса гузоранд, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизи мо иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз октябри соли 2021 таъкид намуданд:  «Вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем».

Ман итминони комил дорам, ки минбаъд низ хизматчиёни давлатӣ – ин неруи бузургу пешбаранда ва таҳкимбахши давлату давлатдорӣ дар татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат бо масъулияти хоса муносибат менамоянд ва дар роҳи гиромидошти забони модарӣ барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан барои ҷавонон намуна ва шоистаи пайравӣ мегарданд.

Бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, бароятон дастоварду бартариятҳои хизматӣ ва сарбаландию саодатмандиро таманно дорам.

By ams.tj

Leave a Reply