3 октябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид ҷаласаи корӣ бо роҳбарият ва аъзоёни Ассотсиатсияи воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ва Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғала ва маҳсулоти ғаладонагӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, рақами 257 ва аз 31 майи соли 2018, рақами 287 “Низомномаи тартиби ташакул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо” ва “Номгӯйи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд” муҳокима карда шуд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар баромади худ иброз намуданд, ки имрӯз вазъи бозори ҷаҳонӣ пешгуинашаванда буда, қариб ҳаррӯз тағирёбии нархҳои маҳсулоти иҷтимоӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ инчунин дар давлатҳои содиркунанда ба мушоҳида мерасад, ки таъсири бевосита ба бозори дохилии мо мерасонад.

Таъкид карданд, ки бо назардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги тағирёбии нархҳоро гузаронида, аз натиҷаи он хулосабарорӣ намуда, маводҳои таҳлилӣ омода менамояд.

Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо инчунин таъмини бозори дохилии ҷумҳурӣ бо молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва танзтми нархи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иброз гардид, ки имрӯз дар бозори дохилӣ камчинии маҳсулот ба мушоҳида нарасида, аммо болоравии нархи онҳо ба чашм мерасад.

Бинобар ин ва бо назардошти таъмини иҷрои қарорҳои болозикр сардори Хадамот таъкид карданд, ки субъектҳои хоҷагидори воридкунандаи маҳсулотҳо ба беасос боло бурдани нархи маҳсулотҳо роҳ надода, нархҳоро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи нархҳо муайян намоянд.

Дар охир сардори Хадамот аз соҳибкорон даъват намуданд, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархи онҳо роҳҳои алтернативии воридоти маҳсулотҳоро аз дигар давлатҳои хориҷи наздик ҷустуҷӯ намоянд.

By ams.tj

Leave a Reply