Санаи 30 апрели соли 2024 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии гурӯҳи Бонки Осиёии рушд бо роҳбарияти Хадамот баргузор гардид.

Дар вохурӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаи дастгирии Бонки Осиёии рушд дар бахши танзими соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партоб ва нақшаҳои оянда барои фаъолияти самараноки Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ин бахш мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҷонибҳо баъди муҳокимаи масъалаҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар самти танзими соҳаи обтаъминкунӣ изҳор намуданд.

By ams.tj

Leave a Reply