Дар рӯзи Ваҳдати миллӣ ва арафаи Иди Қурбон дар дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми «Лолазор»-и қисми ҳарбии 0202 сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ҳамоми замонавӣ бо буғхона, ошхона, ҳоҷатхона, манораи нигоҳдории об ва таъмиру рангубори бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона, бо иштироки роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва мақомоти марбутаи давлатӣ ифтитоҳ бахшида шуд.

Ҳамзамон, барои афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона бо барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Инчунин, ба 5 оилаи камбизоат, ки фарзандони маъюб доранд, кӯмаки яквақта аз қабили маводи хӯрока дастрас карда шуд.

By ams.tj

Leave a Reply