Имрӯз дар Хадамот ба муносибати фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандон ҳамоиш баргузор гардид.

Муовини сардори Хадамот Ширин Солеҳсоза кормандонро ба муносибати ин иди барои мардуми тоҷик муқаддас табрику таҳният намуд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани давлату миллат ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат чеҳраи таърихие лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самари некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.

Баъдан бо маърӯза Амиршоев Интизорӣ – сармутахассиси бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус баромад намуд.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳзои ҷаҳон мепайвандад.

    Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

        Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Чи тавре ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва азбайн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дарпешорӯи таърихи навинимо қарор гирифта буд. Хушбахтона, мардуми мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоити миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор  кард.

Имрӯз мо бояд сулҳу  субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз на моем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.  

Иди Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ.

By ams.tj

Leave a Reply