Ҷаласаро муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар самти танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Дар кори ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва кормандони масъули Хадамот иштирок намуданд. Сипас ҳисоботҳои сардорони раёсатҳои сохторҳои маҳаллӣ ва Дастгоҳи марказии Хадамот шунида шуд. Фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2023 аз чониби Роҳбарият қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар раванди ҷаласа қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти вазифаҳо барои семоҳаи сеюми  соли 2023 қабул карда шуд.

By ams.tj

Leave a Reply