Варақаи иттилоотӣ

оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

Душанбе-2023

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, назорати фаъолияти рекламавӣ ва танзими соҳаи энергетикаи барқӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Ҷиҳати самарабахш фаъолият намудани бозорҳои мол тибқи «Тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд» ва «Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор», ки бо фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 марти соли 2018, №27 «а» ва №28 «а» тасдиқ ва дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №922 ва №923 аз 14 ва 28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозорҳои моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд таҳия ва бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 27 апрели соли 2023, №10 “а” тасдиқ карда шуд.

Тибқи феҳристи болозикр 248 адад субъекти хоҷагидор аз рӯйи истеҳсол, истихроҷ, коркард ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва аз рӯйи кору хизматрасонӣ ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мавқеи ҳукмфармоидошта ворид карда шудааст.

Боиси зикр аст, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд.

Дар ин давра, бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳои мазкур, аз ҷумла, истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст.

Инчунин дар ин давра, аз ҷониби Хадамот 45 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 12 муассисаи тиббӣ, 33 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба мувофиқа расонида шуданд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», мониторинги 19 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.

Аксаран номгӯи мазкур ё ин ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.

Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии хархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 6,2 млн сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд.

Маълумоти мухтасар оид ба бозорҳои мол дар нимсолаи якуми соли 2023 чунин аст.

Бозори воридоти гандум

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 59 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад ва аз ҷониби онҳо ба ҷумҳурӣ 420,5 ҳазор тонна гандум ба маблағи 119,6 млн доллар бо нархи миёнаи 284 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 46,4 ҳазор тонна ё 12,4 фоиз афзоиш ва арзиши он 35 доллар коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон, дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 630,7 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба миқдори 20,8 ҳазор тонна (630,7-609,9) ё 3,4 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо нишон медиҳад, ки нархи гандуми аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандагони асосии маҳсулоти орд ва гандум (99,9%) ба ҷумҳуриямон ба ҳисоб меравад.

Бозори воридоти орд

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ 21,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,1 млн доллар бо нархи миёнаи 335 доллар (19 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2022 коҳиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 1,9 ҳазор тонна ва ё 8,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин асос ташаккулёбии нархи як халта орд дар моҳҳои январ-феврал то ба 260 то 290 сомонӣ дар моҳҳои март-апрел аз 230 то 265 сомониро ташкил додааст. Бар асари паст гардидани нархи содиротии он дар Ҷумҳурии Қазоқистон, нархи орд дар бозорҳои истеъмолӣ дар моҳҳои май – июн ба 200 то 255 сомониро ташкил дода, коҳишёби нархи орд нисбат ба аввали сол аз 12 то 23 фоизро ташкил медиҳад.

Агар нархи воридотии ин навъи маҳусулотро нисбат ба соли гузашта қиёс намоем, метавон гуфт, ки нархи он дар моҳҳои январ – июл дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз 7 то 30,6 фоиз афзоиш ёфта, баъдан ин нишондод дар моҳҳои минбаъда аз 28 то 11,1 фоиз рӯ ба коҳишёбиро касб намудааст.

Иштирокчиёни бозори воридоти орд 25 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур дар соли 2021 30 субъект ва дар соли 2020 50 субъекти хоҷагидорро ташкил медод.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 93,5% ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 6,5% ба Федератсияи Россия рост меояд.

Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023, 235 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шудааст, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 3,3 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳои гузаронидашуда дар ин самт нишон медиҳанд, ки новобаста ба коҳишёбии ҳаҷми истеҳсол ва воридоти орд ва зиёд гардидани шумораи аҳолӣ камчинии орд дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ мушоҳида карда намешавад.

Бозори воридоти шакар

Тибқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ –июни соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба миқдори 71,4 ҳазор тонна шакар ба маблағи 45 177,1 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 608 доллар (17 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2022 афзоиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 7,5 ҳазор тонна ва ё 11,3 фоиз коҳишёбӣ ба назар мерасад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра бозори воридоти шакар рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 27 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 4 субъекти хоҷагидор кам гардидааст.

Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Баруманд” (40,5%), Агентии захираҳои моддии давлатӣ (15,9%), КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фуруши ниёзи аввалия” (8,5%), ҶДММ “Абубакри Дилшод” (7,5%) ва дигар субектони хоҷагидор (27,6%) ба ҳисоб мераванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 40,36% ба Ҷумҳурии Ҳиндустон, 17,53% Ҷумҳурии Беларусия, 33,39% ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, 6,34% ба Федератсияи Россия ва боқимонда 2,38% ба дигар давлатҳо рост меояд.

Бозори воридоти равғани растанӣ

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба ҷумҳурӣ 46,3 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 44 322,2 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 958 доллар (283 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2022 коҳиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид карда шудааст. Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 ҳазор тонна ё 46,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Иштирокчиёни бозори молӣ 92 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 6 субъекти хоҷагидор кам гардидааст.

Воридкунандагоки асосии ин намуди маҳсулот аз рӯйи ҳисса ҶДММ “Фарзина” (16,0%), ҶДММ “Аҳмад тиҷорат” (10,7%), ҶДММ “Анко инвест” (7,9%) ва ҶДММ “Таджеро” (7,2%) баҳисоб мераванд. Воридоти ин намуди маҳсулот аз Ҷумҳурии Қазоқистон 53,8 фоиз, аз Федератсияи Россия 38,8 фоиз ва боқимонда 7,4 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 56,2% ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 39,6% ба Федератсияи Россия, 1,7% ба Ҷумҳурии Малайзия ва 2,4% боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ 11 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсол 488,9 тонна ё 4,6 фоиз афзудааст.

Бозори истеҳсоли тухм

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 555 млн дона тухм аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ ва аҳолӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,1 млн дона ё 3,7 фоиз кам мебошад.

Айни замон нархи 1 дона тухми мурғ дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз 0,80 то ба 1,40 сомониро ташкил медиҳад.

Нархи гушти мурғи парҳезӣ бошад дар ин давра муътадил нигоҳ дошта шуда, андозаи он дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ то 36 сомонӣ қарор гирифтааст. Ин нишондод дар ин давраи соли 2022 аз 35 то 36 сомонӣ барои 1 кг-ро ташкил додааст.

Бозори доруворӣ

Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 аз хориҷи кишвар 7 731,8 тонна маводи доруворӣ ба маблағи умумии 30 115,8 ҳазор доллар ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридот 2007,4 тонна ё 35,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар моҳҳои январ – июни соли 2023 воридкардашуда 5 512,3 тонна ба маблағи 20 495,7 ҳазор доллар ё 68,1 фоизи ҳаҷми умумии маводи дорувории воридшуда аз давлатҳои хориҷи дур ва 2 219,5 тонна ба маблағи 9 620,1 ҳазор доллар ё 31,9 фоизи ҳаҷми умумии дорувории воридшуда аз давлатҳои хориҷи наздик ворид гардидааст.

Таҳлили маълумоти гумрукӣ нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 51 давлатҳои хориҷи дуру наздик воридгардида 37,7% ба Ҷумҳурии Ҳиндустон, 24,9% ба Федератсияи Россия, 7,3% ба Ҷумҳурии Литва, 5,5% ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, 3,9% ба Ҷумҳурии Украина, 2,9% ба Ҷумҳурии Олмон, 2,5% ба Ҷумҳурии Туркия, 2,4% ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, 2,2% ба Ҷумҳурии Ғурҷистон ва боқимонда 10,7% ба 42 давлати хориҷи дуру наздик рост меояд.

Бозори сӯзишворӣ

Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба ҷумҳурӣ 451,75 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 320,5 миллион доллар бо нархи миёнаи 710 доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 99,6 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбати ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 94 доллар ё ба андозаи 11,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 206 155,55 тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 156,23 миллион доллар бо нархи миёнаи 758 доллар, 174 252,07 тонна бензин ба маблағи 99,99 миллион доллар бо нархи миёнаи 574 доллар, 9862,48 тонна равғанҳои молиданӣ ба маблағи 15,37 миллион доллар бо нархи миёнаи 1559 доллар, 37 390,81 тонна сӯзишвории реактивӣ ба маблағи 37,3 миллион доллар бо нархи миёнаи 999 доллар ва 1323,3 тонна керосин ба маблағи 1,63 миллион доллар бо нархи миёнаи 1233 доллар ворид карда шудааст, маблағи умумии он дар маҷмуъ 320,54 миллион долларро ташкил менамояд.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Россия 85,4 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 5,1 фоиз, Туркманистон 4,4 фоиз, Узбекистон 2,6 фоиз Белорусия 1,4 фоиз ва боқимонда 1,1 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.

Иштирокчиёни бозори воридоти бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 42 ва гази моеъ 14 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд. Фаъолияти субъектҳои мазкур таҳти назорати зиддиинҳисорӣ қарор доранд.

Аз нишондодҳо бармеояд, ки бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рақобатпазир буда, ҳолати маҳдудкунӣ ва инҳисорӣ намудан дар ин сегменти бозори молӣ ба мушоҳида намерасад.

Бозори бензин

Воридкунандагони бензин дар моҳи январ-июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 30 субъекти хоҷагидорро ташкил намуда, онҳо ба ҷумҳурӣ 174 252,07 тонна бензин ба маблағи 99,99 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 574 доллар ворид намудаанд, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,11 ҳазор тонна ё ба андозаи 19,02 фоиз зиёд мебошад.

Нархи миёнаи воридотии як тонна бензин дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 574 долларро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳана дар муқоиса нисбати моҳи январ-июни соли гузашта 213 доллар ё ба андозаи 27,08 фоиз коҳиш ёфтааст (моҳҳои январ-июни соли 2022 нархи миёнаи воридодии як тонна бензин 787 долларро ташкил менамуд).

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 59 фоизи бензини воридкардашуда ба ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон”, 7 фоиз Агентии захираҳои моддии давлатӣ, 4 фоиз ҶДММ “Сеганҷ” ва боқимонда 30 фоиз ба дигар субъектҳои воридкунандаи бензин рост меояд.

Нархи миёнаи воридотии бензин дар моҳи июни соли ҷорӣ 662 долларро ташкил менамояд, ки нисбати моҳи январи соли ҷорӣ 138 доллар ё ба андозаи 26,33 фоиз афзоиш ёфта, нисбати моҳи июни соли гузашта 185 доллар ё ба андозаи 21,87 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сузишвории дизелӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2023 аз ҷониби 42 субъекти хоҷагидор ба ҷумҳурӣ 206 155,55 тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 156,23 миллион доллар бо нархи миёнаи 758 доллар ворид намудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 581,9 тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбати ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 25 доллар ё ба андозаи 3,21 фоиз коҳиш ёфтааст (моҳи январ-июни соли 2022 нархи миёнаи воридодии як тонна сӯзишвории дизелӣ 783 долларро ташкил менамуд).

Нархи миёнаи воридоти сӯзишвории дизелӣ дар моҳи июни соли 2023 нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 171 доллар ё ба андозаи 19,88 фоиз ва дар муқоиса нисбати моҳи июни соли гузашта 111 доллар ё ба андозаи 13,77 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бозори гази моеъ

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз ҷониби 14 субъект ба ҷумҳурӣ 169 251,87 тонна гази моеъ ба маблағи 68,22 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 403доллар барои як тонна ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 777,67 тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбати ба моҳҳои январ-майи соли гузашта 73,0 доллар ё ба андозаи 15,33 фоиз коҳиш ёфтааст (моҳҳои январ-майи соли 2022 нархи миёнаи воридодии як тонна гази моеъ 476,0 долларро ташкил менамуд).

Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 73,47 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 24,67 фоиз аз Федератсияи Россия ва 1,86 фоиз аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Нархи миёнаи воридоти гази моеъ дар моҳи июни соли 2023 нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 114 доллар ё ба андозаи 22,05 фоиз ва дар муқоиса нисбати моҳи июни соли гузашта 49 доллар ё ба андозаи 10,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сабабҳои асосии тағйир ёфтани нархи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ, ин давоми нимсолаи аввали соли 2023 ноуствор будани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки арзиши миёнаи як барел нафт дар моҳи июни соли 2023 ба 75,02 доллар баробар гардида, нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 9,03 доллар ё ба андозаи 10,74 фоиз коҳиш ёфтааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

By ams.tj

Leave a Reply