Роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия Максим Шасколский ва сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод вазъ ва дурнамои ҳамкории танзимгарони зиддиинҳисории ҳарду кишварро баррасӣ карданд

Мақомоти рақобатии Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар майдони Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.*

Самти муҳими фаъолияти ҳарду кишвар ҳимоя ва
рушди рақобат, инчунин ташаккули амалияи татбиқи ҳуқуқ, ки бо назардошти вазифаҳои арзанда ва зарурати рафъи бӯҳронҳои муосир такмил дода мешавад.

Мақомоти зиддиинҳисории Русия таҷрибаи васеи танзими зиддимонополии бозорҳои молӣ ва мубориза бо таҷрибаҳои зиддиконкурентӣ дорад. Хадамоти Федералии зиддиинҳисории Русия омода аст, ки таҷриба ва амалияи ҳуқуқии худро дар бозорҳои иҷтимоӣ ва рақамӣ, таҷрибаи мубориза бо картелҳо, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси кормандон мубодила кунад.

Роҳбарони танзимгарон инчунин имкони баргузории семинарҳои омӯзиширо барои ҳамкорони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни бозор, аз ҷумла дар шакли онлайн баррасӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни идораҳои рақобатпазири ҳарду кишвар қайд намуда, ба густариши он изҳори умед карданд.

*Соли 2018 байни Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сиесати зиддиинҳисорӣ ба имзо расид

Маълумот:
Музокирот дар доираи ҷаласаи 54-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, ки мақоми ҳамкории соҳавии ИДМ мебошад, баргузор гардид.

Ҳамзамон, чунин вохуриҳо бо Вазири танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Белорус Богданов А.И. ва намояндаи Хадамоти давлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва назорати бозорҳои истеъмолии Ҷумҳурии Озорбойҷон Алиев Анар Бахрам оғли баргузор гардиданд.

By ams.tj

Leave a Reply