9 сентябри соли ҷорӣ сардори Хадамот – роҳбари Гурӯҳи корӣ дар ҷаласаи тантанавӣ вобаста ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Шаҳристон иштирок намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ноҳияи Шаҳристонро табрику таҳният намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба ҳашт нафар кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорномаҳои идоравии Хадамоти зиддиинҳсиории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Инчунин, панҷ нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, ки дар самти корҳои идеологӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз воридшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ фаъолият менамянд, бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

By ams.tj

Leave a Reply