Рӯзи 9 сентябри соли 2023 вобаста ба таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон мустақар буда, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарон ва сарбозон дастархони идона ороста, барнома фарҳангӣ баргузор намуд.

Бо ин ҷашни бузург Абдулмаҷид Муминзод – сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми афсарон ва сарбозони қисми низомиро табрику таҳният намуда, ба онҳо дар кору фаъолият ва хизмат ба Ватан бурдбориҳо таманно намуданд.

Инчунин, дар дидбонгоҳҳои “Гулистон”, “Фирдавсӣ”, “Суғдиён” ва “Лолазор”-и Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарбозон ва афсарон давтархони идона ороста карда шуд.

By ams.tj

Leave a Reply