Санаи 3-4 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо иштироки муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини сардори Хадамот сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо саодатмандию муваффақият дар корҳояшон таманно намуданд.

Дар доираи сафари корӣ муовини сардори Хадамот дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 содагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ошхонаи беморхонаи марказии ноҳия ва як сехи дузандагиро мавриди истифода қарор доданд.

By ams.tj

Leave a Reply