Уҳдадориҳои истеҳсолкунанда

УҲДАДОРИҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст мўҳлати хизмати моли (кори) истифодааш дарозмуддат, аз ҷумла маснуоти комплектӣ (ҷузъу қисмҳо, агрегатҳо) – ро, ки бо мурури замон барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда хавфнок шуда, ба амволи ў ё ба муҳити зист зарар расонда метавонад, муқаррар намояд.

Мўҳлати хизмати мол (кор) бо воҳиди вақт ва ҳамчунин бо воҳидҳои дигари ченак (километр, метр ва ғайра) вобаста ба таъинот ва хусусияти мол ҳисоб карда мешавад.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст ба маҳсулоти озуқа, ороишиву атриёт, доруворӣ, молҳои кимиёвӣ, рўзгор ва ба дигар молҳои ҳаммонанд мўҳлати коршоямӣ муқаррар намояд.

Фурўхтани мол (иҷрои кор) баъди гузаштани мўҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле (иҷрои коре), ки бояд ба он мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардидааст, манъ аст.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор мебошад, ки дар давраи мӯҳлати кафолатии муайяншуда ё мӯҳлати кафолатии иловагии муқаррарнамудааш талаботи истеъмолкунандаро тибқи Қонуни мазкур қонеъ гардонад.