Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат табодули санадҳои нави имзошудаи ҳаморӣ баргузор гардид.
Дар ин замида Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони мақомотҳо ба имзо расонида шуд. Ин иқдом барои табодули таҷриба ва ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард.