Мулоқоти ҳайъати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Белоруссия дар доираи ҷаласаи 55 уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори минатдорӣ намуда, барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба таҳия ва ба имзо расонидани созишномаи ҳамкориро байни мақомотҳои зиддиинҳисорӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ба мақсад мувофиқ шуморидан.