Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 2023 сардори Хадамот – роҳбари Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Шаҳристон раванди корҳои ободонию созандагиро дида баромада, якчанд иншооти ҷашниро ба истифода доданд.
Аз ҷумла: 2 синфхонаи иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 деҳаи Навкенти ҷамоати “Бунҷикат”, чойхона дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти “Шаҳристон” ва майдони варзишӣ дар деҳаи “Ободӣ”-и ҷамоати деҳоти “Бунҷикат”.
Зимни сафари корӣ, вобаста ба вазъи истифодаи оқилонаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (президентӣ), гирифтани 3-4 ҳосил, кишти такрорӣ, саривақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, маккадон, лӯбигиҳо ва барои ду сол захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳар оила, бо деҳқонон ва кишоварзони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон, ба панҷ оилаи камбизоат ва дорои имкониятҳои маҳдуд кӯмаки моддӣ аз намуди маводи ғизоӣ расонида шуд.