Рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ дар Хадамот ҷаласаи тантанавӣ ба муностбати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми сардори Хадамот Курбонзода Сафаралӣ Нуралӣ оғоз намуда, кормандонро бо ин ҷашни бузург аз номи роҳбарият табрику таҳният намуд.
Сипас Акобиров Фирӯз – мутахассиси раёсати танзими инҳисороти табиӣ бо маърӯза баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт.
Ҳозирини гиромӣ!
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 32 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад
ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва
кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли
инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32
сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии
авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Бояд зикр кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ, анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоямегарданд.
Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи начандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву
суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Самараи
неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз, бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад. Ҳамкорони азиз! 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Дар охири ҷаласа ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ба кормандони Хадамот ифтихорномаҳои идоравӣ супорида шуд.