8-9 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 54-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 40-уми Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои вобаста ба чорабиниҳои асосие, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешаванд, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ тавассути ташкили ҳамкории дохилидоравӣ ва риояи зиддиинҳисорӣ, тариқи суд рӯёндани товони зараре, ки аз картел (созиш) ва созишномаҳои дигари маҳдудкунандаи рақобат ба давлат расонида шудааст, натиҷаҳои ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба реклама, ки 16-17 феврали соли 2023 дар ш.Қазон баргузор гардида буд, ҳамкории Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва коршиносони зиддиинҳисории Иттиҳоди Авгруосиё, дар бораи тасдиқи принсипҳо ва стандартҳои намунавии ҳамкории байни бозорҳои рақамии хусусии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.