Дар оғози ҷаласа муовини Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Солеҳзода ба кормандони Агентӣ оид ба иштирокашон дар ҷаласа изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки пеш аз ҳама боварии мардумро нисбат ба давлат коста менамояд. Хизматчиёни давлатӣ дар ҳолати даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ на танҳо обрӯи худ балки обрӯи ҳама хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти давлатиро паст мезананд.
Сипас Солеҳзода Ширин оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки коррупсия зуҳуроти хавфноки ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.
Роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии суистифодабарӣ мавриди истифодаи моликияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамаруза дар ин самт корбарӣ менамоянд.
Сипас, намояндаи Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия Қиёмиддин Насруддинзода – муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия, оид ба хавфҳои коррупсия суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.
Дар баробари ин, Қиёмиддин Насруддинзода вобаста ба талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, уҳдадориҳои ҳар як шаҳрванд, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо, пешгирии омилҳо ва хавфҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа Солеҳзода Ширин аз номи роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба намояндаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокашон дар кори ҷаласа, инчунин ҳамкориҳои самараноки мақомот дар самти пешгирӣ ва бартарафкунии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуданд, ки роҳбарияти Хадамот омодаанд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия ҳамкорӣ намоянд