Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми хариду фурӯши мол (фармоиши иҷрои кор, хизматрасонӣ) ва муносибатҳои шартномавӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кор, хизматрасонӣ) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагон, фурӯшандагон) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» 9 декабри соли 2004, №72 қабул гардида, аз 4 боб ва 45 модда иборат мебошад.

Инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” аз 6 июни соли 2005, №209 қабул гардид. Тибқи қарори мазкур Номгӯи мол ва Қоидаҳои кору хизматрасониҳо дар шакли 10 замимаҳо тасдиқ карда шудааст, ки мақомотҳои ваколатдори соҳавӣ ҷиҳати таъмини иҷрои ин санади меъёрию ҳуқуқӣ вазифадор карда шудаанд. Аз он ҷумла:

 – Номгӯи намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) ва тарзи расонидани маълумот ба истеъмолкунанда (замимаи 1);

 – Номгӯи молҳои аз нигоҳи техники мураккабе, ки ҳангоми дар ин молҳо ошкор шудани камбудиҳои назаррас талаби истеъмолкунанда дар бораи иваз намудани онҳо бояд қонеъ гардонида шавад (замимаи 2);

– Номгӯи молҳои истифодаашон дарозмӯҳлат, ки ба онҳо талаботи харидор дар бораи ба шакли бебозгашт ба ӯ пешниҳод намудани моли ба ҳамон монанд дар давраи таъмир ё ивазкунӣ дахл надорад (замимаи 3);

– Номгӯи молҳои ѓайрихӯроквории хушсифате, ки ба моли ба ҳамон монанди дорои андоза, шакл, ҳаҷм, намуд, ороиш ва бастааш дигар иваз ё баргардонида намешавад (замимаи 4);

– Номгӯи молҳое, ки дар маълумотномаи он норавоии истифодаи онҳо ҳангоми намудҳои алоҳидаи беморӣ зикр шуда бошанд (замимаи 5);

– Қоидаҳои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба партовҳои дурушт ва моеъи маишӣ (замимаи 6);

– Қоидаҳои пешниҳод намудани хизматрасонии меҳмонхонаҳо замимаи 7);

– Қоидаҳои хизматрасониҳои хӯроки умумӣ (замимаи 8):

– Қоидаҳои хизматрасониҳои коммуналӣ (замимаи 9):

– Қоидаҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ (замимаи 10).

Хариду фурӯш имрӯз яке аз воситаҳои асосии ба даст овардани маҳсулот ва фоида ба ҳисоб меравад. Вале, то чӣ андоза имрӯз истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол ва фармоиши иҷрои кору хизматрасонӣ аз ҳуқуқҳои худ бохабар буда, онро ҳимоя карда метавонанд ҳамчун муаммо боқӣ мемонад.

Барои ба танзим даровардани муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва фурӯшандагон собиқ Президенти ШМА Ҷон Кеннеди 15 марти соли 1961 «Лоиҳаи Қонун дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда»-ро ҷорӣ намуд ва тибқи ин ҳуҷҷат муқаррар карда шуд, ки ҷомеаи истеъмолкунандагон низ ҳуқуқ ба ҳимоя, иттилоот, интихоб ва пешниҳоду муроҷиатҳоро дорад.

Тибқи Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2010, ҳамасола 15 март «Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардидааст.

Ҳамзамон, тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян гардидааст.

Истеъмолкунанда кист ?

Ин мафҳум дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чунин оварда шудааст:

Истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошад, истифода намояд. Аз ин мафҳум бармеояд, ки ба ҳайси истеъмолкунанда ҳар як шаҳрванд, ки ягон маҳсулотро харидорӣ менамояд аз хизматрасонии ягон шахси дигар ё ташкилот танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, рӯзгор ё оила фармоиш медиҳад, буда метавонад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:

– ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

– ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагон, фурӯшандагон) он;

– ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);

– ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);

– ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);

– ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;

– ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ;

– ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;

– ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда).

Истеъмолкунанда ҳуқуқ барои гирифтани маълумот, оид ба нарх ва шартҳои ба даст овардани мол, кор ва хизматрасонӣ, муҳлати кафолат агар он муқаррар шуда бошад, қоида ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатарии мол, кор, хизматрасонӣ ва талаби сертификати мувофиқати мол кор ва хизматрасонӣ дорад.

Истеҳсолкунанда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» уҳдадор аст, ки барои истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ ба истеъмолкунанда маълумоти дуруст диҳад.

Дар сурати пешниҳод накардани маълумоти нодуруст, ва нопурра оид ба мол, кор хизматрасонӣ, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда ва беасос қатъ кардани шартнома бо истеъмолкунанда дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Истеъмолкунанда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳимояи давлатӣ дорад.

Вобаста ба ин, мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати таъмини сифати муносиби мол, кору хизматрасонӣ, бехатарии мол, интихоби озоди мол, дақиқ ва саҳеҳ дастрас кардани мол, баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон ва беҳсозии раванди хизматрасонии молиявӣ ва суѓуртавиро барои истеъмолкунандагон фароҳам меоранд.

Тибқи талаботи моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» назорати риояи қонунгузории мазкурро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мақомоти идоракунӣ буда, барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи инкишофи бозорҳо ва рақобати соҳибкорӣ, танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ масъул мебошад.

Вобаста ба назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ фаъолият дорад. Раёсати номбурда тибқи талаботи қонуни мазкур фаъолияти худро, ҷиҳати ошкор ва пешигирӣ намудани фурӯши молҳо, иҷрои кору хизматрасонии дорои сифати номатлуб ва барои ҳаёту саломатӣ ва амволи истеъмолкунандагон хатарнок мунтазам корҳоро ба роҳ монда, дар фаъолияти кории худ муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз менамоянд.

Инчунин, ҷиҳати баррасии аризаю муроҷиатҳои истеъмолкунандагон дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ Маркази машваратӣ ташкил карда шудааст, ки барои маълумоти шаҳравандон тавассути воситаҳои ахбори омма (телевизион ва радио), телефони боварии Маркази машваратӣ (21-21) ҳамчун рекламаи иҷтимоӣ мунтазам пахш гардида истодааст.

Аз рӯи мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ ин ба поймол гардидани  ҳуқуқҳояшон ҳангоми хариди мол ва фармоиши иҷрои кору хизматрасонӣ оварда мерасонад.

Дар ҳар сурат маърифати истеҳсолкунандаву ниҳодҳои хизматрасон ва истеъмолкунандагонро бояд боло бурд, то истеҳсолкунандагон ва нуқтаҳои савдою хизматрасониҳо битавонанд ба истеъмолкунандагон ба таври бояду шояд ва қонунӣ хизмат расонанд, инчунин истеъмолкунандагон аз ҳуқуқҳои худ истифода карда тавонанд.

By ams.tj

Leave a Reply