Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15-уми март аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15-уми марти соли 2023, зери шиори «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунанда» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар асоси он то 15 марти соли ҷорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои муайян, аз ҷумла баргузории чунин вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар назар дошта шудааст. 

Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқии соҳавии ҳимоякунандаи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои зерқонуние, ки бо мақсади дар амал татбиқи намудани Қонуни мазкур таҳия ва қабул гардидаанд, маҳсуб меёбад.

Имрӯз бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо таваҷҷӯҳу ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ҳуқуқии зарурӣ вобаста ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фароҳам оварда шудааст ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, ки таҳия ва татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи зиддиинҳисорӣ амалӣ менамояд, барои риоя ва назорати иҷрои он пайваста тадбирҳои дахлдор роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 марти соли 2023 санаи 14 марти соли 2023 дар бозорҳои Меҳргон ва Саховат, хиёбони Рӯдакӣ (назди муҷассамаи И.Сомонӣ), Хатсайрҳои автобус ва тролейббуси марказӣ  (назди маркази савдои Садбарг), Марказҳои савдои «Пайкар», «Ашан» ва «Сиёма мол» , ҷиҳати баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон ва соҳибкорони бозорҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғот оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо чалби волантиёрҳо ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбор омма гузаронида шуд.

Дар рафти гузаронидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғот оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ба  истеъмолкунандагон ва соҳибкорони бозорҳо ва марказҳои савдои мазкур китоб ва брашюраҳо доир ба баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон тақсим карда шуд.

By ams.tj

Leave a Reply