Ҷаласаи корӣ бо иштироки доираи васеъи кормандони масъули соҳаи маориф ва тандурустӣ дар самти хизматрасонии пулакии соҳаи маориф ва тиббӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март, дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мавриди расонидани хизматрасониҳои пулакӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ матраҳ гардид.