Бо мақсади таҷлили сазовори Рузи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамакнун ҳамасола 15 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи қатъномаи Созмони Миллали Мутаҳҳид дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Ташкили вохурию мулоқот ва нишастҳо бо ҷомеъаи истеъмолкунандагон ва хизматрасон аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 8 июни соли 2022, №1878 “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон -15 март” ворид карда шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию воқифии истеъмолкунандагон аз қонунгузории соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид. Аз ҷониби мутахассисони Хадамот ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

By ams.tj

Leave a Reply