Санаи 24 ноябри соли 2023 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Хадамот ҳозиринро ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид намуданд, ки Парчами давлатӣ муарифгари давлат буда, барои ҳар як халқу миллат Парчам муқаддас мебошад.
Инчунин оид ба таърихи пайдоиши Парчам ва санаи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша карда шуд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур кормандони Хадамот дар бораи Парчами давлатӣ гузоришҳо омода намуда, пешкаши иштирокчиён намуданд.
Дар охир чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ анҷом ёфт.