21 марти соли 2023 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳристон бо инобат гирифтани анъанаҳои аҷдодӣ ва миллӣ бо шукуҳу шаҳомоти идона ва бо иштироки аҳли ҷамоатчигии ноҳия чорабинии Наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ бо истифода аз ормону унсурҳои миллӣ ва тамоми дастовардҳои соҳаҳои мухталиф намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, рамзҳои Наврузӣ, масолеҳи кишоварзию саноатӣ ва гушаи гиёҳҳои шифобахши ноҳия ташкил карда шуд.
Чорабинӣ бо табрикоти намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Шаҳристон оғоз гардид.
Муминзод Абдулмаҷид Мубин – сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон табрикоти Ассосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми ноҳия расонида, оид ба муҳтаво ва мавқеъи Иди байналмиллалии Наврӯз дар ҷомеъаи имрӯза ва таърихи он, дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони Истиқлолият, ҳамзамон вобаста ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар раванди байналмиллалӣ гардидани Иди Наврӯз суханронӣ намуд.
Тантанаҳои Иди байналмиллалии Наврӯз дар тамоми ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳия бо шукуҳу шаҳомоти идона ва бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзиши миллӣ аз қабилӣ гуштингирӣ, бузкашӣ ва ғайра баргузор гардид, ки ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар доираи сафари корӣ бо мақсади табрикот ва шиносои бо шароити хизмати афсарон ва сарбозон сардори Хадамот ба қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дидбонгоҳҳои Фирдавсӣ, Суғдиён ва Лолазори қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон мустақар буда, ташриф овард.
Зимни боздид бо афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии мазкур табрикоти Сарфармондеҳи Олии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо расонида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои идона дастрас намуда, дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.