15-марти соли 2023 дар меҳмонхонаи “Ҳайятт Редженси Душанбе”  ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид.

Дар корӣ ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.

Мусаллам аст, ки таъмини бехатарии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ба сифату бехатарии ҳаёти инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеа таъсири бевосита дошта, яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад.

Қайд намудан лозим аст, ки масъалаҳо вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳанӯз дар асрҳои 18-и то мелод дар қонунгузории Хамурапӣ инъикос гардида, дар ҷаҳони муосир аввалин маротиба соли 1962 аз ҷониби Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико Ҷон Кенедӣ зимни баромад дар Конгресс ироа гардид.

Зимни ироаи пешниҳод худ Ҷон Кенедӣ аз ҷумла қайд намуданд, ки: Дар асл, истеъмолкунандагон – ҳамаи мо ҳастем. Ин бузургтарин гурӯҳи иқтисодӣ аст, ки дар як вақт қариб ба ҳар як қарори иқтисодии давлатӣ ва хусусӣ таъсир мерасонад ва таъсири онҳоро низ эҳсос мекунад. Аз се ду ҳиссаи ҳаҷми маблағҳои дар иқтисодиёт сарфшуда ба истеъмолкунандагон рост меояд. Аммо, истеъмолкунандагон – ягона гурӯҳи назаррас дар иқтисодиёт мебошанд, ки нуқтаи назари онҳо аксар вақт ба инобат гирифта намешавад.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки мо дигар наметавонем ба хароҷоти нолозим дар истеъмол роҳ диҳем, тавре ки мо наметавонем ба бесамарӣ дар тиҷорат ва ҳукумат роҳ диҳем.

Агар ба истеъмолкунандагон молҳои бесифат пешниҳод карда шаванд, агар нархҳо беасос баланд бошанд, агар доруҳо хатарнок ё бефоида бошанд, агар истеъмолкунанда бинобар набудани маълумот интихоби дигаре надошта бошад, маблағи онҳо беҳуда масраф мешавад, саломатӣ ва амнияти онҳо метавонад дар хатар бошад ва ин ба манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ зарари худро мерасонад.

Дар ин росто  аз ҷониби Ҷон Кенедӣ 8 унсури асосӣ, аз ҷумла:

1. Ҳуқуқ ба маълумот.

2. Ҳуқуқ ба бехатарӣ.

3. Ҳуқуқ ба интихоб.

4. Ҳуқуқ ба шунида шудан.

5. Ҳуқуқ ба ҷуброн.

6. Ҳуқуқ ба омӯзиш.

7. Ҳуқуқ ба қонеъ намудани талаботҳои асосӣ.

8. Ва ҳуқуқ ба ҳифзи муҳити зистро ба миён гузошт.

Дар ин робита, тибқи Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 15-уми март ҳамчун Рӯзи истеъмолкунандагон ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеъи ҷаҳонӣ бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосир ба аҳолӣ ва дар ин робита танзими қонунии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон соли 2004-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул ва мавриди амал қарор дод.

Қайд намудан лозим аст, ки дар робита ба муҳимияти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон  25 ноябри соли 2010 Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ 15-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи баланд ҷашн гиранд.

Дар ин росто, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб дар қаламрави кишвар Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо баргузории як қатор чорабиниҳо таҷлил ва санаи мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян гардидааст.

Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон доимо зери тавваҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон”  сатҳи танзим ва назорати самти мазкур ба сатҳи муосир расонида шудааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунанадагон, фурушандагонро ҳангоми фуруши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасони) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурушандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста ба таҷлили санаи мазкур дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, барои тақвият бахшидани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон ва фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа тадбирҳои муштарак роҳандозӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию воқифии истеъмолкунандагон аз қонунгузории соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва паҳн намудани рекламаҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо корҳои таблиғотӣ амалӣ карда шуда, ин раванд бо маром ҷараён дорад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар баробари ин, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақоми ваколатдори давлатиро, ки назорати сифати мол, кор ва хизматрасониҳо, инчунин танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳанд, ҳамоҳанг месозад.

Намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар баромадҳои худ иброз доштани ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеъа буда, ба саломати ва некуаҳволии ҷомеъа таъсири бевосита дорад. Дар ин робита мақомотҳои дахлдор ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои қонунии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонида, самти мазкурро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.

Роҳбарияти Хадамот зикр намуданд, ки новобаста аз ин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ, яъне истеъмолкунандагон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин раванд, тақвият ва густариши ҳамкориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мувофиқи мақсад мебошад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои хусусӣ, ассосиатсияҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ барои такмил ва рушди соҳа омода мебошад.

Аз натиҷаи муҳокимарониҳо ва баромадҳои иштирокчиён бо назардошти масъалаҳои дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15-уми марти соли 2023 амалигардонии тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ шуморида шуда, аз ҷониби иштирокчиёни чорабини дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла:

-таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;

  • ҳамоҳангсозии доимии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорату иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
  • бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият бахшидани корҳо дар самти назорат ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»;
  • ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон баргузор намудани вохуриҳо, семинар-машваратҳо, чопи мақолаву гузоришҳо дар рӯзномаҳои даврӣ ва мунтазам доир намудани барномаҳо дар воситаҳои ахбори омма;
  • андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон дар самти хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ;
  • таъмини фаъолияти бонизоми телефонҳои боварӣ вобаста ба арзу муроҷиати шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
  •  мукаммалнамоии қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

– таъмини хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

– ба роҳ мондани санҷишҳои муштарак байни мақомоти ваколатдор дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

By ams.tj

Leave a Reply