Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки санаи 22-23 майи соли 2024 анҷом ёфт, аз ҷониби роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Озарбойҷон Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти пешбурди самараноки сиёсати зиддинҳисорӣ ва ҳамкориҳои дигари мутақобила ба имзо расонида шуд.
Ин яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои зиддиинҳисории байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон мусоидат хоҳад кард.