Санаи 16 ноябри соли 2023 дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, роҳбарияти Хадамот ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур аз дастовардҳои даврони раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ бо пахши филми кӯтоҳ дар барои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ефт.