4 октябри соли 2023 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ сокинони ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи забони давлатӣ табрик ва муборакбод намуда, дар фаъолияти кориашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Чорабинӣ бо хондани шеърҳо дар васфи забони давлатӣ ва иҷрои сурудҳо аз ҷониби санъаткорони ноҳия анҷом ёфт.