Дар асоси Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои иштирокчиёни – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011, ҳамасола 15-уми март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид ва иштирокчии – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола 15-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил менамояд.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 8 июни соли 2022, №1878 “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон -15 март” ворид карда шудааст.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки фаъолияти дигар мақомоти давлатиро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоҳанг месозад, нақшаи чорабиниҳои байниидоравӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҳия гардидааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию воқифии истеъмолкунандагон аз қонунгузории соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Коллеҷи тибии шаҳри Ваҳдат ва Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид. Аз ҷониби мутахассисони Хадамот ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.