ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 

Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он соли 2022 Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар якчанд субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид. Дар натиҷаи онҳо ба маблағи 6,1 млн сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод иттилоъ дод.

«Соли 2022 ба ҷумҳурӣ 995,5 ҳазор тонна гандум ба маблағи 329,1 млн доллар бо нархи миёнаи 331 доллар барои 1 тонна ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 32,6 ҳазор тонна коҳиш ва арзиши он 39 доллар афзоиш ёфтааст», -тазаккур дод сардори Хадамот.

Номбурда изҳор дошт, ки таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо нишон медиҳад, ки нархи гандуми аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандагони асосии маҳсулоти орд ва гандум ба ҷумҳуриямон ба ҳисоб меравад, давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2022 аз ҷониби ширкатҳои содироткунанда бе собиқа, яъне аз 220-240 доллар то ба 390-405 доллар афзоиш ёфта, дар моҳҳои октябр – декабр рӯ ба коҳиш овард. Дар айни замон бо нархҳои аз 290 то 318 доллар барои 1 тонна пешниҳод гардида истодааст.

Абдулмаҷид Муминзод иброз дошт, ки сабабҳои асосии тағйир ёфтани нархи гандум дар ҷумҳурӣ дар соли 2022- ин вазъи баамаломада дар ҷаҳон мебошад, ки дар натиҷаи он бархе аз давлатҳо бо мақсади ҳимояи бозори дохилии худ содироти гандумро ба дигар давлатҳо муваққатан манъ намуданд.

Ҳамзамон дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 905,6 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 45,8 ҳазор тонна ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра зиёда 6 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

By ams.tj

Leave a Reply