30-солагии Парчами миллӣ имрӯз дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон таҷлил карда шуд.

Муовини сардори Хадамот Ширин Солеҳзода кормандони Хадамотро бо Рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният, гуфта ба онҳо осмони соф, тинҷию амонӣ ва парафшонии абадии Пачами миллиро орзу намуд.

Сипас мутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат Боймамадов Имомдод вобаста ба Рӯзи Парчами миллӣ баромад намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд.

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта   мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон, ба муқаддасот ва мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта,  ҳамзамон дар хотираи таърихии хеш, корномаву қаҳрамониҳои фарзандони ватандӯст ва далеру ғаюрро  сабт намуда,  симои барҷастаи онҳоро пайваста ситоиш менамояд.
       Яке аз чунин муқаддасоти миллӣ ва мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, Парчами давлатӣ мебошад. Ҳамзамон, ин рамзи миллӣ – омили нангу номуси ватандорӣ буда, мардуми  моро муттаҳид карда, аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Тоҷикон тавонистанд дар асоси сарчашмаҳои муътамади  таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ ба ҷаҳониён симои хешро бори дигар муаррифӣ карда, насли наву созандаи миллатро ба ҷодаи аз худ кардани таърих ва осори гузаштаи халқамон, раҳнамоӣ ва ҳидоят намоянд.
      Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992  расман соҳиби рамзи  давлатдории мустақил ва соҳибистиқлолии худ – Парчами давлатӣ гардид.

Соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат ин санаи муборак 24-уми ноябр “Рӯзи Парчам”-и давлатӣ эълон шудааст ва мардуми мо ҳамасола ин рӯзи муборакро дар саросари кишвар, бо як  шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами миллӣ чунин ибрози ақида намудаанд: “Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

          Бо дастгирии  бевоситаи сарвари давлат, 30 августи соли 2011 дар  шаҳри Душанбе парчами давлатӣ дар пояи махсус барафрохта шуд, ки он дар баландии 165 метр парафшонӣ карда, дарозии он 60 метр ва бараш бошад 30 метрро ташкил медиҳад ва айни замон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин парчам ба ҳисоб рафта, дар китоби  рекордҳои  Гиннес сабти ном шудааст.

         Парчами тоҷикон  бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шудааст. Пӯшида нест, ки рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки он маънои амиқ дорад. Агар ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстӣ миёни миллатҳо ва ҷоннисории мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад, ранги сафед – рамзи покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст. Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин, рамзи шукуфоии кишвар буда, инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии  Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

          Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ,   дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти мардум,  бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш, парчами давлатии худро интихоб ва қабул намуд, ки он тоҷиконро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас, мардуми сарбаланди тоҷик пояҳои давлати соҳибистиқлолро таҳким бахшида, барои ба як диёри ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбуб, саъю талош карда истодаанд.
           Парчами давлати соҳибихтиёри мо хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз, омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси он, бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд. Махсусан ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дурдастарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.

            Боиси ифтихор аст, ки парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатии миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Он ба сифати  рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои устувори соҳибистиқлолӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ  мекунад.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ, арҷгузориву ифтихор аз давлат ва ғамхорӣ ба фардо  яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад. Бо дидани Парчам,  ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд,  дар назди халқу миллати хеш, дучанд боло мегардад.

          Парчами миллии мо, рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.  Имрӯз парчами давлатӣ, чун рамзи кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле, бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.  Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ҳамкорони мӯҳтарам ва дар симои шумо, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям. Орзумандам, ба бахти мо, ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиклол дар ин сарзамин бардавом пойдор  монад. Умедворам, ки суруди миллӣ, нишон ва парчами давлатии ин миллат ба таври ҳамеша, дар ин сарзамин танинандоз ва парафшон бошад.

By ams.tj

Leave a Reply