Санаи 16 ноябри соли 2022 вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ  Нуралӣ бо миссияи соҳаи энергетикии Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои танзим ва њисоби шаффофи тарифи неруи барқ,  муайян намудани тарифҳои имтиёзнок барои қишри осебпазири аҳолӣ, бо мақсади ҳимояи онҳо аз таъсири манфии афзоиши тарифҳои неруи барқ ва саҳми Шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқии Хадамоти зиддиинҳисориро дар самти танзими соҳа баррасӣ намуданд.

Дар охир ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар самти ҷалб намудани маблағҳои иловагии сармоягузорӣ барои солимгардонии вазъи молиявии соҳа, таҳкими иқтидори иснтитутсионалии мақоми танзими соҳаи энергетикаи барқӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

By ams.tj

Leave a Reply