Рекламаи мутақобил

РЕКЛАМАИ  МУТАҚОБИЛ

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Мувофиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ рекламаи мутақобилро анҷом диҳад. 

Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро дар ҳаҷми пурра мепардозад.

Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани аксулреклама мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рӯзи ба охир расонидани паҳн кардани аксулреклама қарор қабул намояд. 

Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои вайронкор қарор қабул намудааст, ӯҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда  талаб намояд, то  ки  ӯ тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд.

Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад.

Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар  ва дар хусуси ислоҳи он қарори дахлдор қабул намудааст, мувофиқа  карда мешавад.

Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи қарори мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани аксулреклама иҷозат дода мешавад.