Хонда шуд:
3,107
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019 № 350, аз 25.06.2020 № 396)
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳимояи рақобат” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Номгўи мол ва маҳсулоти аз Ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2018 № 287
ш.Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз “31” майи соли 2018, № 287
Номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд
- Орд (навъҳои 1 ва 2)
- Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида
- Маҳсулоти макаронӣ
- Гандум
- Биринҷ
- Картошка
- Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам
- Қанди сафед, шакар
- Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска
- Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог
- Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
- Гўшт: гўшти гов, гўшти гусфанд, гўшти мурғ
- Тухми мурғ
- Намак
- Чой: навъи сабз ва сиёҳ
- Ғизои кўдаконa
- Маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сўзишвории дизелӣ ва гази моеъ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019 № 350)
- Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2020 № 396)
- Нуриҳои минералӣ, органикӣ ва химиявӣ барои соҳаи кишоварзӣ (қарори Ҳукумати ҶТаз 25.06.2020 № 396).